Ҳамкории байни Маҷлиси намояндагон ва Рийгикогу густариш меёбад
Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар/. «Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Эстония дар доираи муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ асосёфта, ин равобит дар рӯҳияи эътимоди байниҳамдигарӣ сурат мегирад, ки барои ҳарду кишвар манфиатбахш аст»,- гуфт зимни мулоқоташ раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров бо роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони Эстония бо Маҷлиси намояндагон Ааду Муст.
Бо дахли масоили тавсеаи равобити байнипарлумонӣ Ш. Зуҳуров изҳор дошт, ки миёни парлумони ҳарду кишвар гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ амал менамояд. Инчунин сафари ҳайатҳои парлумонҳои Тоҷикистону Эстония ба кишварҳои якдигар ба таҳкими муносиботи байнипарлумонии ҳар ду кишвар ва истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ҷиҳати таҳия ва омода намудани қонунҳо мусоидат хоҳад кард.
Зикр шуд ки барои тақвияти ҳамкорӣ байни ду кишвар имконоти зиёд дар ҳамаи заминаҳо: равобити парлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, илму маориф, кишоварзӣ, фарҳанг вуҷуд дорад. Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ ва ҳамчунин кишоварзӣ ва ҷаҳонгардӣ дорои дурнамои умедбахш маънидод шуд. Таъкид шуд, ки парлумонҳои ду кишвар дар таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ нақши калидӣ бозида, тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Рийгикогуи Эстония шароити мусоид фароҳам меорад
Инчунин доир ба ҳамкории Тоҷикистону Эстония дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ табодули назар карда шуд. Зикр гардид, ки байни ду кишвар Эъломия дар бораи инкишофи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ, Созишнома дар бораи ҳамкории илмӣ байни Академияи илмҳои Эстония ва Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Созишнома байни Донишгоҳи Тарту ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки ин санадҳо заминаи таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи байни Тоҷикистон ва Эстонияро ба вуҷуд овардаанд. Инчунин мусоҳибон масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҳарду кишвар муҳокима намуда, таваҷҷуҳи асосӣ ба масоили тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд ва таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ зоҳир карда шуд. Мусоҳибон ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, бо назардошти имконоти нави воридшавӣ ба бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Нақши транзитии Эстония, аз ҷумлаи бандарҳои обии он низ муҳим арзёбӣ гардид.
Роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони Эстония бо Маҷлиси намояндагон Ааду Муст хостори густариши ҳамкории байнипарлумонии кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон шуда ва илова намуданд, ки яке аз ҳадафҳои асосии ташрифи ҳайати парлумони Эстония ба Тоҷикистон баррасии масъалаи тақвияти ҳамкориҳост.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






