Ҳангома дар Ҷоми Амрико: дастаи мунтахаби Бразилия аз Перу шикаст хӯрд ва доварон голи бо дастзадашударо ҳисоб карданд
Душанбе,13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи футболи Ҷоми Амрико кам ҳолате рух додааст, ки дастаи мунтахаби Бразилия ҳунарнамоиашро дар марҳалаи гурӯҳӣ ба анҷом расонида бошад. Ҳанӯз соли 1983 барзилиягиҳо дар бозиҳои Ҷоми Амрико, ки дар Аргентина гузаштаанд, ба чунин ҳол гирифтор шуда буданд. Ин навбат дар бозиҳои ҷашнии Ҷоми Амрико, ки ба 100-солагиаш бахшида шудааст, тими мунтахаби Бразилия дар гурӯҳи «Б» дар бозии охиринаш аз дастаи мунтахаби Перу бо натиҷаи 1:0 мағлуб шуд ва ҳаққи муборизаро барои Ҷом аз даст дод. Барои ба даври дигар гузаштани «Селесао» натиҷаи мусовӣ кофӣ буд, аммо голи бо дастзадаи Раул Руидиас дар дақиқаи 75 онҳоро аз бозиҳои минбаъда дар канор кард.
Расонаҳои хабарии ҷаҳон имрӯз дар бораи хатои доварон бо роҳбарии Андрес Куня, ки голи бо дастзадашударо дар ин бозӣ дуруст ҳисобиданд, изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар асри 21 зиндагӣ карда, ба чунин иштибоҳ роҳ додани доварон номумкин аст. Замоне фаро расидааст, ки дар чунин ҳолатҳои баҳсбарангез ба такрори наворҳои видеоӣ рӯ орем.То он замоне, ки масъулони бозии футбол ин масъаларо ҳалл накунанд, чунин хатоҳо борҳо такрор хоҳанд шуд.
Дар ин гурӯҳ тими мунтахаби Эквадор бар Гаитӣ бо натиҷаи калони 4:0 пирӯз шуда ба даври ¼- ниҳоӣ роҳхат гирифт.
Ба ҳамин тартиб, аз гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Амрико ва Колумбия низ озими бозиҳои ¼- ниҳоӣ шуданд. Новобаста ба бозиҳои даври сеюм, ки дар гурӯҳи «С» субҳи оянда барпо мегарданд, дастаҳои мунтахаби Мексика ва Венесуэла пеш аз муҳлат чунин ҳуқуқро пайдо кардаанд. Дар гурӯҳи «Д» Аргентина дар ҷои аввал аст ва барои роҳхати дуввум дастаҳои мунтахаби Чили ва Панама 15 июн бо ҳам қувва меозмоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






