АНМН дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2016» зиёда аз 40 ҳазор бех банги худрӯйро нобуд сохт
Душанбе, 14.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2016» зиёда аз 40 ҳазор бех банги худрӯйро нобуд сохтанд.
Ба мақсади амалӣ намудани «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр амалиёти «Кӯкнор» гузаронида мешавад.
Барои амалӣ намудан, назорат ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ситодҳои корӣ ташкил гардидаанд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти АНМН хабар доданд. дар марҳилаи аз 20 май то 14 июни соли равон зимни гузаронидани марҳилаи якуми амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор-2016» оид ба ошкор ва нобуд сохтани майдонҳои бангдонаи худрӯй кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар заминҳои нокорами хоҷагиҳои деҳқонии шаҳрҳои Конибодом, Исфара, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ ба миқдори 40 ҳазору 408 бех растаниҳои худрӯйи бангдонаро ошкор намуданд.
Мутобиқи хулосаи озмоишгоҳи ташхиси судӣ ниҳолҳои ошкоршуда растании каннабис буда, дар таркиби онҳо маводи нашъаовари «тетрогидроканнабинол» мавҷуд мебошад.
Дар ҳузури комиссияи махсус ниҳолҳои ошкоршуда решакан ва сӯзонида шуданд.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1185 нафар занон беш аз 29 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






