«Қасри фарҳанг» тӯҳфаи арзанда ба муносибати 25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон

Июнь 16, 2016 17:03

Душанбе, 16.06.16./АМИТ «Ховар»/. Мардуми кишвар ҳамасола яке аз ҷашнҳои арзишмандтарин  — Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.  Маҳз Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи миллати тоҷик имкон дод, ки дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи  шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вилояти Хатлон, имрӯзҳо   бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори сокинони кишварамон меҳнаткашони ноҳияи Темурмалик низ барои рушди минбаъдаи кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонӣ ва сабзу хуррамгардониро ривоҷ дода истодаанд.
Аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои сохтмонӣ, соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ бисёр иншоот ба истифода дода шуданд, ки ба ноҳия ҳусни иловагӣ зам мекунанд. Бунёди як қатор корхонаҳои нави барои аҳолӣ манфиатбахш оғоз гардиданд, ки дар натиҷа ба миқдори зиёд ҷойҳои нави корӣ пайдо гашта, сатҳи зиндагонии аҳолӣ боз ҳам беҳтар мешавад. Айни замон сохтмони Қасри фарҳанг барои 400 ҷой, толори варзишӣ барои 300 ҷойи нишаст дар маркази ноҳия дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Ҳамаи ин ва дигар дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳия аз он шаҳодат медиҳад, ки агар дар байни мардум дӯстӣ, ваҳдат ва сулҳу субот пойдор бошад, дилхоҳ вазифаҳои мушкилро низ иҷро намудан имконпазир аст.

Июнь 16, 2016 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид
«ҲАФТКӮЛ». Ин мавзеи табиии Тоҷикистон маркази рушди сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
3 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
31 июл дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад