Ҷавонони Хатлон малакаи роҳбариро азхуд мекунанд

Июнь 16, 2016 15:58

Қурғонтеппа, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар шаҳри Қурғонтеппа семинари дурӯзаи омӯзишӣ дар  мавзӯи «Мо роҳбарӣ меомӯзем»  ба  кори худ  оғоз  кард. Дар кори семинар 120  нафар гирандагони сипендияҳо ва кормандони  бахшҳои ҷавонон, варзиш  ва  сайёҳии шаҳру  ноҳияҳои  вилояти Хатлон  иштирок  менамоянд.
Дар рӯзи якуми семинар  зимни вохӯрӣ бо  ҷавонон муовини раиси  вилояти Хатлон  Махфират  Хидирзода  гуфт, ки  Асосгузори  сулҳу  Ваҳдати  миллӣ-  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  пайваста ҷавононро дастгирӣ менамояд ва ҷавонон  имрӯз  барои баланд  бардоштани  дониши  худ  имкониятҳои васеъ  доранд.
Тавре  дар  семинар зикр  шуд, мақсади  асосии  чорабинӣ  фароҳам  овардани  муҳит  барои рушди  малакаҳои  ҷавонони  фаъол ва  мубодилаи  таҷриба  мебошад. Ҳамзамон  зикр  гардид, ки гирандагони стипендияҳо  ҷавонони фаъол мебошанд ва онҳо метавонанд дар рушду  нумуи кишвар, пешгирии  омилҳои  номатлуб миёни   ҳамсолони хеш ва  татбиқи  сиёсати  давлатии  ҷавонон саҳми назаррас  гузоранд.
Дар назар  аст, ки дар рӯзи дуюми  семинар  вохӯрии  ҷавонон  бо раиси  вилояти Хатлон  Гулмаҳмадзода  Давлатшоҳ  Қурбоналӣ  баргузор гардад.

Июнь 16, 2016 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад