Ҳавошиносон аз шаҳрвандон хоҳиш менамоянд, ки рӯзҳои наздик аз сафар кардан тавассути минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд

Июнь 2, 2016 15:48

Душанбе, 2.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба иттилои аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки аз 2 то 4 июн дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ  эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад.
Бинобар ин, аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар ин давра аз рўи имконият аз сафар кардан тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.
Мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон дар  ин рӯзҳо дар вилояти Хатлон ҳаво
дар водиҳо шабона 19-24, рӯзона 34-39 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳаво шабона 17-22, рӯзона 20-35 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе   низ ҳавои тағйирёбанда ва  боридани борони кӯтоҳмуддат  дар назар аст. Ҳарорати ҳаво  шабона 16-18, рӯзона 34- 36 дараҷа мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ — ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст .Ҳаво  шабона 13-18 дараҷа, рӯзона то 31-36 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон -ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар ғарб шабона 6-11, рӯзона 22-25; дар шарқ шабона -3+2, рӯзона 9-14 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод.

Июнь 2, 2016 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст