Ҳавошиносон аз шаҳрвандон хоҳиш менамоянд, ки рӯзҳои наздик аз сафар кардан тавассути минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд
Душанбе, 2.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба иттилои аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки аз 2 то 4 июн дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад.
Бинобар ин, аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар ин давра аз рўи имконият аз сафар кардан тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.
Мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон дар ин рӯзҳо дар вилояти Хатлон ҳаво
дар водиҳо шабона 19-24, рӯзона 34-39 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳаво шабона 17-22, рӯзона 20-35 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе низ ҳавои тағйирёбанда ва боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 16-18, рӯзона 34- 36 дараҷа мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ — ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст .Ҳаво шабона 13-18 дараҷа, рӯзона то 31-36 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон -ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар ғарб шабона 6-11, рӯзона 22-25; дар шарқ шабона -3+2, рӯзона 9-14 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






