Аз нигораҳои Саразм ва Панҷакенти қадим зиёда аз 35 000 нафар ҷаҳониён дидан карданд
Душанбе, 2.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 16 май Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихиву кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент дар Фестивали ХVIII байналмилалии «Интермузей — 2016» иштирок намуда, тавонист таърихи бойи тоҷиконро муаррифӣ созад. Фестивал дар намоишгоҳи марказии «Манеж» — и шафати Майдони Сурхи шаҳри Маскав баргузор гардид.
Тавре Фотима Рофиева, директори осорхона иброз намуд: «Осорхонаи таърихиву кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бори аввал дар он иштирок кард. Дар гӯшаи намоишии осорхона нигораҳои Саразм ва Панҷакенти қадимӣ, ороиши хона ва либосҳои миллӣ, либосҳои тӯёна, намунаи ҳунари дастии ҳунармандони тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки аз ин намоиши осорхонавӣ зиёда аз 35 000 нафар ҷаҳониён дидан карданд».
Манбаъ ҳамчунин илова намуд, ки дар ҷараёни намоиш ба воситаи экран филмҳо дар бораи Тоҷикистон, Саразм, Панҷакенти қадим, сайри осорхонаи ба номи Рӯдакӣ ва анъанаҳои миллӣ намоиш дода шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






