Аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти гулҳои ороишӣ

Июнь 3, 2016 16:14

Душанбе, 03.06.2016/АМИТ «Ховар»/. «Дар соли сипаригардидаи 2015  ба ҷумҳурӣ 3 ҳазору 800  бех дарахтони  ороишӣ ба маблағи 30 миллион сомонӣ ворид карда шудаанд»,-  гуфт дар ҷаласаи Парлумони кишвар Соҳибҷон Зиёдуллоев, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии  назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Мавсуф афзуд,  ки алҳол  дар ҳамкорӣ бо шарикон дар пойтахт дар се гектар замин тухми гулҳои ороишӣ  кошта шуда, ҳосили он ба фурӯш гузошта шудааст. Дар оянда замини кишти гулҳои  ороишӣ дар дигар минтақаҳои кишвар, ки дорои иқлими мусоиди парвариши гулу дарахтони ороишианд,   ба роҳ монда шуда, воридоти он аз хориҷа, бахусус кишварҳои аврупоӣ коҳиш дода мешавад.
Ин дар ҳолест, ки вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба сархати  дуюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи ин тағйирот дарахтон  ва гулу буттаҳои  ороишӣ, ки аз хориҷи кишвар аз ҷониби Агентии захираҳои  моддии  давлатии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд,  аз пардохти  андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мегарданд.  Зикр шуд, ки пешниҳоди имтиёз ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  дар мавриди  воридоти дарахтону гулҳои ороишӣ хусусияти тиҷоратӣ надошта, бо мақсади сабзу хуррам ва зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳои  кишварамон, хусусан пойтахт ва дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашну маъракаҳои давлатӣ, ба мисли  ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли равон таҷлил мегардад,  андешида шудааст.

Июнь 3, 2016 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид