Аъзои ҳукумат ба Президент ва вакилони Парлумон ба халқ савганд ёд мекунанд

Июнь 22, 2016 11:35

Душанбе,22.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Минбаъд аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз шурӯъ ба иҷрои вазифа ба   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бошанд баъд аз таъйин ё интихоб гардиданашон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба халқи Тоҷикистон савганди садоқат ёд мекунанд.
Вобаста ба ин, 22 июн вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба ду қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон-  «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Мавзуна Шарофиддинова зимни тавзеҳи масъалаҳои мазкур гуфт,  ки тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии кишвар бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
Тавре маълум аст,  22 май бо баргузории райъпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ҶТ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Июнь 22, 2016 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад