Ба истифода додани Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Июнь 21, 2016 11:03

Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 21 — июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадорро бо маркази савдову хизматрасонӣ ва таваққуфгоҳи зеризаминии якқабата дар хиёбони Рӯдакӣ ифтитоҳ намуд.

Дар ошёнаи якум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити марказҳои савдою хизматрасонӣ, ки дар он 120 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши то 2500 сомонӣ таъмин гаштаанд, шинос шуд.

Фармоишгар Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён-групп” мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин маҷмаа аз соли 2013 оғоз ёфта буд. Лоиҳаи зебои ангоравӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ростогипрошахти Руссия таҳия ва аз тарафи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмии ҷустуҷӯии лоиҳакашии САНИИОСП ба танзим дароварда шудааст.

Арзиши умумии лоиҳаи сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматӣ ва савдою хизматрасонӣ, ки корҳои сохтмону васлкуниро дар бар мегирад, 138 миллиону 397 ҳазору 710 сомониро ташкил дода, аз ҳисоби маблағҳои ҳукумати шаҳри Душанбе бунёд шудааст. Маҷмааи биноҳои истиқоматӣ аз 4 қисм ва 170 хона иборат мебошад. Қисми якум 12 ошёна буда, дорои 30 хонаи сеҳуҷрагӣ аст. Масоҳати умумии он 3869 метри мураббаъро ташкил мекунад. Блоки 2 — юм 14 ошёна бо 36 хонаи сеҳуҷрагӣ дар масоҳати 4633 метри мураббаъ сохта шудааст. Блоки 3 — юм аз 16 ошёна ва 56 хона — 28 адад сеҳуҷрагӣ ва 28 дуҳуҷрагӣ иборат аст. Масоҳати умумии ҳуҷраҳо 5174 метри мураббаъ мебошад. Дар блоки чорум, ки 14 ошёнааст, аз 48 хонаи 24 сеҳуҷрагӣ ва 24 дуҳуҷрагӣ иборат мебошад ва масоҳати умумии хуҷраҳо 4796 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар қисми поёни маҷмаа таваққуфгоҳи зеризаминии якқабата барои то 30 мошин, дар ошёнаҳои якуму дуюм марказҳои савдою хизматрасонӣ бо 120 ҷойи корӣ, дар саҳни ҳавлӣ майдончаи бозии кӯдакон мавҷуд аст. Ҳамзамон, иншооти мазкур бо системи гармидиҳии автономии бойлерӣ тамғаи Гронос (Gronos BB-240EA), системаи ҳароратии “Тепло-холод”, (аз ҷумла тамғаи MDV-V-10WDN-1) лифтҳои алоҳида, даромадгоҳи алоҳида барои истиқоматкунандагон, системаи ҳавотозакунии тамғаи БКАПЕ (ВКР-6,5 ДУ) барои квартираҳо, системаи банаворгирии атрофи биноҳо ва ободонию сабзкории ҳудуди биноҳо таъмин мебошад.

Дар рафти сохтмон аз 350 то 400 нафар бо кори муваққатӣ ва бо маоши миёнаи аз 1500 то 2000 сомонӣ таъмин шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бунёди хонаҳои кушоду барҳаво ба сохтмончиён баҳои баланд дод. Ин маҷмааи хонаҳои баландошёна ба симои пойтахт ва хиёбони марказӣ ҳусни тозае зам мекунад.

Мавриди зикри хос аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе симои тоза касб карда, ба таври назаррас ободу зебо шудааст. Имрӯзҳо пойтахти мамлакатро — шаҳри Сулҳу дӯстӣ унвон мекунанд ва он макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ гаштааст. Танҳо дар соли 2016 дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе бо маблағи умумии 1, 9 миллиард сомонӣ иншооти муҳим аз ҷумла 42 иншооти соҳаи иҷтимоӣ, манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ, иншооти савдою хизматрасонӣ, тиббӣ, муассисаҳои томактабӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

То ҷашни 25 — солагии истиқлолият бошад, бо ташаббуси созандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири истиқболи сазовори санаи муҳиму тақдирсоз дар пойтахт 95 иншооти таъиноти гуногун бо маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ бунёд карда мешавад. 7 адад муассисаи томактабӣ барои 919 ҷой, 5 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ бо маблағи 19 миллиону 495 ҳазор сомонӣ бо 3150 ҷой аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ, манзилҳои истиқоматӣ, 7,07 километр роҳҳо, 1 адад толори варзишӣ, 4 майдончаи варзишию фарҳангӣ, барқарорсозии шабака ва таҷҳизоти гармтақсимкунӣ, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим дар ин самт мебошад.

Илова бар ин аз оғози сол то таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар соли 2016 дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби бахши хусусӣ 26 корхонаи истеҳсолӣ бо шумораи умумии 202 ҷойи кор ба фаъолият оғоз кард. Дар назар аст, ки то ҷашни истиқлолият 20 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бо шумораи умумии 470 ҷойи корӣ ва то моҳи декабри соли 2016 4 муассисаи истеҳсолӣ бо теъдоди умумии 1000 ҷойи корӣ таъсис дода шавад.Шумораи коргарон дар вақти сохтмон 5990 нафар ва баъди ба истифода додан 8414 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамаи ин тадбирҳо ба хотири некуаҳволии сокинон равона гардидааст, аз ҳадафҳои сиёсии ҳукумати мамлакат мебошад.

Июнь 21, 2016 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд