Байни футболбозони собиқадори дастаҳои «Аякс» ва «Реал» бозӣ доир шуд
Душанбе, 08.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи вохӯриҳои «Corazon Classic Match 2016», ки ба поси хотири яке аз бузургтарин футболбозони қарни мозӣ Йохан Кройф бахшида шуда буд, бозингарони собиқадори тимҳои «Реал»-и Мадрид ва «Аякс»-и Амстердам бо ҳам майдондорӣ намуданд.
Ин бозӣ таъйиноти дӯстонаву хайриявӣ дошт. Бидуни эътино бар ин дидор хеле ҷозибу ҷолиб ва шавқангез сурат гирифта, бо ҳисоби 3:1 ба нафъи футболбозони бошишгоҳи шоҳонаи Реал ба анҷом расид.
Ёдовар мешавем, ки Йохан Кройфи маъруф бо лақаби Ҳоландии парвозӣ, 24-уми марти соли равон бар асари маризии музмини саратон дар 68-солагӣ дунёи рӯшанро падруд гуфта буд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






