«Баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ»- машварати муштарак бо ибтикори Бонки миллӣ

Июнь 9, 2016 08:37

Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи барномаи махсус оид ба «Баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ» барои аҳолии кишвар давом дорад.
Давраи дуюми машварати мазкур 6 июн оғоз ёфта, то 1 июли соли равон, дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ идома меёбад.
Бино ба маълумоти БМТ, мақсад аз ташкили чорабинии мазкур омӯзонидани роҳу усулҳои муосир ва шавқовари баргузории дарсҳо аз фанни «Асосҳои назарияи иқтисод» ба шумор рафта, дар баробари баланд бардоштани дониши молиявии мактаббачаҳо, сатҳи маърифати молиявии омӯзгорони ин фан низ такмил дода мешавад.
Дар машварате, ки дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид, 24 нафар омӯзгори фанни «Асосҳои назарияи иқтисод» аз мактабҳои таҳсилоти умумии минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок намуданд.
Дар назар аст, шумораи умумии омӯзгороне, ки тибқи ин барнома фаро гирифта мешаванд, то ба 2900 нафар расонида шавад.
Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ дар ҳамоҳангӣ бо дигар сохторҳои дахлдор ҳамкориро идома хоҳад дод.

Июнь 9, 2016 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад