«Баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ»- машварати муштарак бо ибтикори Бонки миллӣ
Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи барномаи махсус оид ба «Баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ» барои аҳолии кишвар давом дорад.
Давраи дуюми машварати мазкур 6 июн оғоз ёфта, то 1 июли соли равон, дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ идома меёбад.
Бино ба маълумоти БМТ, мақсад аз ташкили чорабинии мазкур омӯзонидани роҳу усулҳои муосир ва шавқовари баргузории дарсҳо аз фанни «Асосҳои назарияи иқтисод» ба шумор рафта, дар баробари баланд бардоштани дониши молиявии мактаббачаҳо, сатҳи маърифати молиявии омӯзгорони ин фан низ такмил дода мешавад.
Дар машварате, ки дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид, 24 нафар омӯзгори фанни «Асосҳои назарияи иқтисод» аз мактабҳои таҳсилоти умумии минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок намуданд.
Дар назар аст, шумораи умумии омӯзгороне, ки тибқи ин барнома фаро гирифта мешаванд, то ба 2900 нафар расонида шавад.
Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ дар ҳамоҳангӣ бо дигар сохторҳои дахлдор ҳамкориро идома хоҳад дод.








Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих






