Барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор чӣ бояд кард?

Июнь 11, 2016 10:24

Душанбе, 11.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Таътили тобистонаи бачагон низ фаро расид. Барои бофароғат гузаштани таътили онҳо аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ чораю тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Агар бештари мактаббачагон рӯзҳои таътилашонро дар муҳити оила дар ҳалқаи хешу ақрабо ва пайвандонашон гузаронанд, қисми дигар таътилро дар фароғатгоҳҳову лагерҳои тобистона мегузаронанд.
Барои хушу бофароғат гузаронидан ва аз он таассуроти нек боқӣ мондан, бояд масъулону мутасаддиёни иншооти мазкур назоратро аз болои бачаҳо дучанд намуда, қоидаҳои бехатарӣ ва бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя намоянд.
Бо ҳамин мақсад, бо супориши роҳбарияти ВКД ва Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД кормандони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб дар иншооти зикргардида корҳои пешгирии оташнишонӣ ва фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда истодаанд.
Бино ба таҳлили мутахассисон, яке аз сабабҳои сар задани ҳодисаҳои сӯхтор ин оташбозии кӯдакон буда, ҳамасола аз 100 фисади сӯхторҳои ба вуқуъомада 25 фисади он аз гӯгирдбозии кӯдакон рух медиҳанд.
Аз ҳамин лиҳоз, эмин нигоҳ доштани фароғатгоҳу истироҳатгоҳҳо, хусусан дар вақти таътили тобистона вазифаи ҳамагон мебошад.

Барои пешгирӣ намудани чунин ҳодисаҳои ногувор чӣ бояд кард?

Нахуст, ҳар як корманди муассисае, ки дар ихтиёраш кӯдакон ҳастанд, вазифадор аст қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро донад ва қатъиян риоя намояд. Дигар, ҳангоми сар задани сӯхтор ҳамаи чорабиниҳоеро, ки барои наҷот додани одамон ва хомӯш кардани сӯхтор ба онҳо вобастаанд, иҷро намоянд.
Дар муассисаҳое, ки кӯдакон шабонарӯз сокин мебошанд, навбатдорӣ ташкил кардан лозим аст. Навбатдор бояд чароғи барқии дастӣ дошта бошад ва дар ҳолати зарурӣ аз он исифода бурда тавонад. Сари ҳар чанд вақт дониш ва вазифаи навбатчиёнро санҷидан лозим аст.
Биноҳо бояд бо олоту асбобҳои сӯхторхомӯшкунӣ, воситаҳои автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда ва алоқа таъмин бошанду дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта шаванд. Ба шахсони навкор дар бораи риояи чорабиниҳои бехатарӣ аз сӯхтор, даъват намудани гурӯҳи оташнишонҳо дастур додан лозим аст. Онҳо инчунин бояд воситаҳои сӯхторхомӯшкуниро истифода бурда тавонанд.
Атрофи муассиса, роҳҳо ва гузаргоҳҳоро банд кардан мумкин нест. Муассисаҳои истироҳатӣ бояд бо об таъмин бошанд. Агар қубури обии зиддисӯхтор набошад, ҳавзҳои табиӣ ё обанборҳои сунъии ҳаҷмашон камаш 50 метри кубӣ сохтан лозим аст.
Фосилаи байни катҳои хобгоҳҳои истироҳатӣ бояд камаш 0,8 м, барои гузаргоҳи марказӣ камаш 1,2 м бошад. Лавозимот бояд роҳрав ва гузаргоҳҳоро банд накунонад.
Дарҳои баромадгоҳҳои эҳтиётӣ бояд озод ва осон кушода шаванд, чунин роҳҳоро мех зада, маҳкам кардан қатъиян манъ аст.
Калидҳои хонаҳои муҳим бояд дар ҷойҳои муайян, ки ҳангоми зарурат фавран гирифтан мумкин аст, нигоҳ дошта шаванд. Қисмҳои чӯбини чортоқу рафҳо ва гӯшаҳо бояд бо хокаи ба оташ тобоварандаи махсус коркард карда шаванд.
Бояд роҳбарон ва кормандони масъули лагерҳои мактаббачагон бо телефонҳо таъмин карда шуда, ҳаррӯза алоқаи доимӣ бо Хадамоти оташнишонӣ дошта бошанд. Дар биноҳои дуошёна кӯдакони хурдсолро дар ошёнаи дуюми биноҳои дуошёна ҷойгир кардан манъ аст.
Хотиррасон менамоем, ки ҳангоми ба амал омадани сӯхтор ва ё зоҳир гардидани нишонаҳои он ҳатман ба Хадамоти оташнишонӣ ба телефони = 01= занг задан зарур аст.

Муштариёни ширкатҳои мобилӣ бо ин рақамҳо бо ХДО дар тамос шуда метавонанд:
            Вавилон  101
            Tcell  * 01
            Билайн  101
            М. Теко  01
            МЛТ  0101
            ТК.моб.- 01 

Июнь 11, 2016 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид