Баррасии лоиҳаи нави «Рушди потенсиал барои таҳкими амнияти озуқаворӣ ва хўрокворӣ дар кишварҳои алоҳидаи Қафқоз ва ОМ»

Июнь 8, 2016 16:48

Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти вазир Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати намояндагони Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид таҳти роҳбарии Маурисино Розалес баргузор гардид.
Тавре дар ҷараёни вохўрӣ зикр гардид, мақсад аз ташрифи ҳайати  мазкур ифтитоҳи лоиҳаи нави «Рушди потенсиал барои таҳкими амнияти озуқаворӣ ва хўрокворӣ дар кишварҳои алоҳидаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» мебошад, ки он дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон татбиқ мегардад.
Тарафҳо ҳангоми вохўрӣ ба масъалаи лоиҳаи нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар соҳаҳои кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дахл намуданд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судман баён доштанд.

Июнь 8, 2016 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад