Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Парлумон баррасӣ шуд

Июнь 23, 2016 14:54

Душанбе 23.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Иҷрои Буҷети давлатӣ барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» имрӯз дар муҳокимаи парлумонӣ баррасӣ шуд
Зикр шуд ки вобаста ба ин масъала вакилони Парлумон бо намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, кишоварзӣ, Агентии «Тоҷикстандарт» ба шаҳру ноҳияҳои  кишвар рафта,  ҳолати бехатарии маҳсулоти хӯроквории корхонаҳои истеҳсолӣ ва коргоҳҳои  истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, машрубот, намаки ошӣ, ҳасиб, обҳои ташнашиканро аз наздик мушоҳида намуданд. Зимни  санҷиш маълум шуд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» дар баъзе корхонаҳо, ба мисли «Комбинати шири шаҳри Душанбе», «Покиза-М» /Душанбе/ «Тоҷ-мол» /Турсунзода/, «Амирӣ» /Рӯдакӣ/, «Лазиз» ва «Шириниҳои Шарқ» / Қурғонтеппа/, «Кабири Хуҷанд» ва «Порсои Хуҷанд» /Хуҷанд/ дар сатҳи зарурӣ иҷро мегарданд. Дар ин корхонаҳо раванди технологии коркард ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ риоя гардида, назорати дохилаи маҳсулоти хом, нимхом ва тайёр ба роҳ монда шудааст. Озмоишгоҳҳо бо асбобу анҷом ва лавозимоти озмоишӣ таъминанд. Фаъолияти ин корхонаҳо тибқи иҷозатномаҳои мақомоти назоратӣ ба роҳ монда шуда, кормандон аз муоинаи даврии тиббӣ гузаштаанд ва бо либосҳои санитарӣ таъминанд. Барои интиқоли маҳсулоти тайёр нақлиёти махсус дастрас шуда, дорои  шаҳодатномаи санитарист. Инунин дар бархе аз корхонаҳои санҷидашуда талаботи қонуни макзур дар сатҳи зарурӣ амалӣ намегардад ки ба ин Комбинати панири шаҳри Душанбе мисол шуда метавонад.
Зикр шуд ки таъминоти бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ на танҳо масъалаи таъминоти амнияти аҳолии кишвар аст, балки аҳамияти иқтисодӣ дошта, дар ин самт риояи талаботи созишномаи Созмони Ҷаҳонии  Савдо оид ба амалигардонии чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ  аҳамияти махсус дорад, чунки он ба дастрасии бозорҳои содиротӣ барои содироткунандагони ватанӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон  доир ба масъалаи баррасишуда роҳбарону масъулони Вазорати кишоварзӣ, тандурустӣ ва Агентии «Тоҷикстандарт» гузориш доданд.

Июнь 23, 2016 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад