Белгия истирдоди гумонбар дар иштироки амалҳои террористиро ба Фаронса тасдиқ кард
Душанбе, 03.06.2016 / АМИТ «Ховар» /. Додгоҳи Белгия истирдоди Амза Атту, гумонбар дар ҳамлаҳои террористии моҳи ноябри соли 2015 дар Парижро тасдиқ намудааст,- иттилоъ дод агентии «Франс Пресс» бо ишора ба ВАО маҳаллӣ.
Ба гуфтаи муфаттишон, Амза Атту яке аз чаҳор нафар ҳаммаслаконест, ки ба пинҳон шудани айбдоршавандаи асосӣ- Саллоҳ Абдислом кумак кардааст. Бино ба сабтҳои камераҳои назоратӣ, Амза Атту Саллоҳ Абдисломро ба Брюссел расонд. Фаронса ба Белгия оид ба дархости истирдоди чаҳор ҳаммаслаки Абдислом дар моҳи май муроҷиат намуд.
Суд ҳукм кард, ки Аттуро метавонанд ба Фаронса истирдод кунанд, вале муҳлати ҷазои таъйиншударо бояд дар Белгия гузаронад. Бино ба маълумоти матбуоти маҳаллӣ, мақомоти Фаронса Амзаро дар шарикӣ ба ҷинояткор айбдор кардаанд, дар ҳоле ки дар Белгия, ӯ бештар дар қатли ҳамаи қурбониёни ҳамлаҳои террористӣ дар Париж айбдор шуморида мешавад.
Мақомоти Белгия тафсилотро дар бораи истирдоди гумонбарони боқимонда шарҳ надоданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






