БМТ қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ муайян намуд
Душанбе, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 22 июн қурби 1 доллари ИМА ба 7.8685 сомонӣ, қурби 1 евро ба 8. 9032 сомонӣ баробар гаштааст.
Имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи бонкҳои кишвар 1 рубли Русия 0.1200 сомонӣ муайян шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳисобгирӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро нисбат ба сомонии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муайян намуд: 1 юани чинӣ — 1.1949 сомонӣ, 1 фунт стерлинги Англия 11. 5958 сомонӣ, 1 франки Швейтсария — 8.1946 сомонӣ ва 1 риёли Арабистони Саудӣ — 2.0979 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки берун аз сарбонк, филиал, маркази хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ маҳсуб гашта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






