Бо ташаббуси Суди конститутсионӣ ба ифтихори таҷлили 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ суҳбат баргузор мегардад
Душанбе, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Душанбе ба ифтихори таҷлили 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Суди конститутсионӣ зодаи Истиқлолияти давлатӣ» суҳбати созанда баргузор мегардад. Иштирокдорони маҳфил оид ба такмили қонунгузорӣ, ташаккули судҳои иқтисодӣ, беҳтар шудани нақши ҳокимияти судӣ дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат андешаҳои худро баён намуда, аз рушд ёфтани соҳаҳои молия, фарҳанг, соҳибкорӣ паҳлӯҳои гуногуни ҷомеаи муосир бо нишон додани арқому далелҳо маърӯзаҳо ироа мекунанд.
Дар назар дошта шудааст, ки намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ Содиқ Шоназаров низ бо паёми ифтитоҳӣ дар ин маҳфил иштирок кунад. Иштирокдорони суҳбати «мизи мудаввар» бо маърӯза ва мулоҳизаҳои М. Раҳимзода, директори Маркази миллии қонунгузорӣ, Ш.Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовар, М. Кенҷазода, судяи Суди Олӣ ва коршиносону мутахассисони соҳа дар мавзӯи Истиқлолияти давлатӣ шинос мешаванд.
Мавриди ёдрасист, ки имсол дар саросари мамлакат 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар фазои сулҳу ваҳдат бо шаҳомати хосса ва ифтихори шоиста аз Ватану ватандорӣ ҷашн гирифта мешавад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






