Бонки ҷаҳонӣ барои Марҳилаи дуввуми барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқа 54 млн. доллар ҷудо намуд
Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бонки ҷаҳонӣ барои Марҳилаи дуввуми барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ-вилояти Суғд (РАОМ-2) 54 миллион доллари ИМА ҷудо намуд.
Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти кишвар, қисме аз ин маблағҳо барои хизматҳои машваратӣ харҷ мешаванд. Ин хизматрасонӣ омӯзиши истифодабарандагони роҳро дар бар мегирад.
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои машваратӣ- ҳуқуқиро барои изҳори ҳавасмандӣ дар таъмин намудани хизматрасониҳои мазкур даъват менамояд. Ширкатҳои машваратии ҳавасманд бояд маълумотро дар бораи малакаҳои зарурӣ барои иҷрои хизматрасониҳо (рисолаҳо, таҷриба дар шароити ҳаммонанд, мавҷудияти кормандони соҳибихтисос ва ғайра) таъмин намоянд. Якчанд ширкатҳои машваратӣ метавонанд барои баланд намудани малакаи худ муттаҳид шаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






