Боз 10 кг 220 грамм маводи нашъадори ҳашиш мусодира шуд
Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти навбатии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нашъаҷаллобон бо миқдори калони маводи нашъаовар боздошт гардиданд.
Аз рӯи маълумоти бадастомада кормандони Агентӣ ду нафар сокинони ноҳияи Ҳамадониро боздошт намуданд, ки нияти интиқоли маводи нашъаоварро аз вилояти Хатлон тавассути пойтахт ба вилояти Суғд, баъдан берун аз ҷумҳурӣ ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия доштанд.
Барои ҷилавгирӣ намудан аз ин нияти нопок аз тарафи кормандони фаврии Агентӣ дар пойтахт амалиёти махсус гузаронида шуд, ки дар натиҷа ду нафар нашъаҷаллоб дар кӯчаи Неъмат Қаробоев бо 10 кг 220 грамм маводи нашъадори ҳашиш дастгир гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






