Боз як далели ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор ошкор гардид
Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дирӯз, 31 май аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини ноҳияи Панҷ бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир карда шуд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда 725 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






