Боздиди вакилони Парлумон аз Бадахшон

Июнь 21, 2016 14:41

Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳайати вакилони палатаи поёнии Парлумони ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Хайриниcсо Юсуфӣ- муовини раиси Маҷлиси намояндагон ба шаҳри Хоруғ омада, бо ҷараёни  корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ /ДОМ/ шинос гардид.
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо ҳамроҳии роҳбари Бунёди Оғохон оид ба рушд (AKDN) дар Тоҷикистон  Акбар Алӣ Песнанӣ ҳамзамон аз мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Литсейи Оғохон ва Маркази ташхисии шаҳри Хоруғ боздид намуданд.
Дар ҷамъомаде, ки дар шаҳраки донишҷӯёни  Донишгоҳи  Осиёи Марказии шаҳри Хоруғ доир шуд, Хайриниссо Юсуфӣ зикр кард, ки:«Ҳукумати Тоҷикистон Ташкилоти Оғохон оид ба рушдро (AKDN) ҳамчун шарики арзишманд ва боэътимод медонад. Мо таассуроти хеле мусбат ва хотирмон аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) гирифта, умед дорем, ки он дар оянда ба замина барои муҳокима, таҳлил, таҳқиқот ва мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарин табдил мегардад».
Инчунин мудири  кулли ДОМ доктор Богдан Кравченко ва мудири  иҷроияи донишгоҳ Музаффар Ҷорубов ба ҳайати Парлумон аз раванди қабули довталабону мутахассисон ва курсҳои пешниҳодшуда аз ҷониби донишгоҳ иттилоъ доданд. Зикр шуд, ки ДОМ  ба хотири пешниҳоди таҳсилоти олии стандарти байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки сафари ҳайати вакилони Парлумон ба Бадахшон  натиҷаи мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон  бо Акбар Алӣ Песнанӣ, раиси Бунёди Оғохон мебошад, ки моҳи майи соли равон дар Душанбе доир гардида буд.

Июнь 21, 2016 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид