Бозор Собир, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ : «Эмомалӣ Раҳмон Қаҳрамони ваҳдати тоҷикон аст!»

Июнь 13, 2016 14:59

Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бозор Собир  аз зумраи он аҳли илму адаби тоҷик аст, ки  дар аксар навиштаву мусоҳибаҳои худ перомуни худшиносии миллӣ, ватандўстиву ватанхоҳӣ ва ҳушёрии сиёсӣ   бисёр бадард ва дилсўзона андеша меронад. Албатта, ин суҳбати ў низ истисно нахоҳад буд.

Бо устод Бозор Собир, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ мусоҳибае оростем аз боби неъматҳои муқаддасе ба мисли ватандӯстӣ ва Истиқлолу Ваҳдати миллӣ.

«Ховар»:   Истиқлол ин орзуву омоли мардуми мо, бахусус аҳли зиёи кишвар буд. Ва  Тоҷикистони моро имрӯзҳо дар ҷаҳон ҳамчун як кишвари соҳибистиқлол эътироф кардаанд. Мафҳуми «истиқлол» аз нигоҳи Шумо

Бозор Собир: Воқеан ҳам истиқлол орзуву омоли садсолаи мардуми тоҷик буд, бахусус аҳли зиёи кишвар. Барои ба истиқлол расидан ва мақоми забони давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ насли замони мо бисёр талош ҳам кард. Вале дар солҳои аввали ба истиқлол расидан моро фиребу гумроҳ карданд, ба майдонҳо кашиданд, бародар бо бародар даст ба гиребон шуд. Ман борҳо гуфтам, боз ҳам мегӯям, ки моро фиреб доданд, мо ки саводи дурусти сиёсӣ надоштем, зуд ба доми фиреби гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтодем. Акнун ин мардум дигар таҷрибаву сабақ гирифтаанд, бояд ҳушёртар бошанду дубора ба доми ин гунаҳо, ки бо сенарияҳои нав ба нав зуҳур кардан мехоҳанд,  наафтанд, бахусус ҷавонон.

Тоҷикистон дар муқоиса бо давлатҳои ҳамҷинси хориҷиаш пешрафтатарин ҷумҳурист. Алалхусус дар соҳаи маорифу маданият, ободонӣ ва озодии занон. Озодии занони моро, ки асосан мероси Шӯравист, занони Шарқи исломӣ орзу ҳам карда наметавонанд.

Ва ҳамин ки иншооти бузурги аср, ифтихори миллати тоҷик-НБО-и «Роғун» ба кор дарояд ва корхонаҳои саноатӣ боз ҳам бештар бунёд шаванд, истиқлоли мо комилтар мешавад.

«Ховар»: Ба андешаи Шумо чӣ гуна метавон ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар вуҷуди инсонҳо, бахусус насли ҷавони мо бедор кард?

Бозор Собир: Миллате, ки худашро намешиносад, поруест, ки дар он миллатҳои дигар месабзанд. Худшиносӣ аввал дар оила ва мактаб, сониян дар муҳит тарбият мешавад. Вале аз бунёд масъулияти муқаддаси давлатист. Агар худи давлат намуна набошад, коре карда намешавад.

Бозор Собир-3БОМЖ-и амрикоӣ бо ранги зард, бо ишками варамида, бо дандонҳои шикаставу рехта дар ҷилу ҷанда печида, дар зери кӯпрук ё дар таги барфу борон дар паркҳо зиста, бо Амрико мефахрад. Чунки ӯ бо ҳамин ифтихор таваллуд шудааст. Падару модар ва мактаб сарчашмаи бедории миллӣ ва ватандӯстӣ барои насли ҷавонанд. Вақте худи падар ё модар дар тинат худшинос ё худогоҳ нест, магар аз насли  ӯ бӯи умед аст? Ҳаргиз не! Агар аз наслу аҷдоду авлодаш огаҳ бошад, ба фарҳанги либоспӯшиву ахлоқи миллатҳои дигар пайравӣ мекунад? Аз либоспӯшии сиёҳи ғайритоҷикии бархе аз занон ва тозаву озода набудани сару рӯйи ҷавонписарони кишвар, ки гоҳ-гоҳе мебинам,  бисёр афсус мехӯрам, ки чаро чунин бошад? Чаро занони кишварҳои ҳамсоя орзуи озодии занони тоҷикро мекунанду инҳо баръакси ҳол амал мекунанд? Ин аст магар худшиносӣ? Не, албатта.

«Ховар»: Баъзе бадхоҳони миллат то ба имрӯз талош доранд, ки нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ поён баранд. Оё онҳо метавонанд дубора суботи кишвари моро халалдор созанд?

Бозор Собир: Мухолифини ҳукумати мавҷудаи Тоҷикистон асосан исломиҳоянд, яъне идомаи ҳамон мухолифони собиқ. Вале дониста бошанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ муваффақ нахоҳанд шуд. Қаблан тоҷикон маҳдуд буданд, дӯсту душманро намешинохтанд, вале акнун нағз мешиносанд ва хеле оламу одамдида низ шуданд. Албатта, онҳо талош доранд, ки бо сенарияҳои нав ба нав вориди кишвар шаванду мардумро гумроҳ созанд, вале тирашон хато мехӯрад, ин тоифа барои сарвату мансабу кисаҳои худашон кор мекунанд. Дигар онҳо на дар фикри давлатанду на дар фикри миллату мардум.

«Ховар»: Шумо дар як шеъри тозаэҷодатон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро Қаҳрамони ваҳдати тоҷикон унвон кардаед. Аз нигоҳи Шумо нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу Ваҳдати тоҷикон аз чӣ иборат аст?

Бозор Собир -2Бозор Собир: Мо ҷангандозҳоямонро мушаххасан баъд аз табаддулоти Ироқ, Либӣ, Миср ва майдонҳои Украина шинохтем. Сенарияи ин спектакли хунинро душманони дохиливу хориҷӣ навишта буданд. Марказҳояшон куҷост, медонем. Дар Сурия низ айни ҳамин фоҷеа идома дорад. «Давлати исломӣ» ҳамон лагери террористии Бин Лодан аст, ки дар вақташ бар зидди СССР барпо карда буданд.

Агар дар Тоҷикистони мо низ ҳамон солҳо мисли Абдуллоҷонов ва Мулло Абдулло барин нафарон сари қудрат меомаданд, ҷумҳурӣ кайҳо аз даст рафта буд. Яке далкаки сионизм, яке далкаки пантуркизм ва дигаре далкаки панисломизм будааст. Вақт нишон дод.

Хайрият ҷумҳурӣ ба дасти шахсе расид, ки ба ҳеҷ идеологияи иртиҷоӣ олуда нест. Яъне, нақши барҷастаи Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон беш аз ҳама дар он аст, ки ҷумҳуриро бехалал нигоҳ дошта тавонист. Як ҷавони 40-сола аз байни мардум баромад, мардумӣ буд воқеан, дӯсташ доштанд, аз ягон мактаби партиявӣ нагузашта буд, сарвар интихобаш карданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардум бисёр эҳтиром мекунанд, чунки бисёр як инсони хоксору оддӣ ва раиятпарвар аст.  Ӯ ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ва Пешвои миллат ҳазор бор арзандаю сазовор аст.

Дар фарҷоми суҳбатамон мехоҳам ҷашни бузурги 25-солагии Истиқлолияти давлатиро ба тамоми мардуми азизам муборак гӯям ва бигузор самои Ватани  мо ҳамеша офтобӣ бошад.

Июнь 13, 2016 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин