Бунёди Қасри фарҳангу китобхона дар ноҳияи Хуросон
Душанбе, 29.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Хуросон бунёди чанд иншооти таъйиноти гуногун бомаром идома дорад. Яке аз ин иншооти ҷашнӣ ин сохтмони Қасри фарҳангӣ барои 400 ҷойи нишаст дар маркази ноҳияи Хуросон мебошад, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Амонулло Асадулло бунёд хоҳад ёфт.
Инчунин бо маблағгузории ин марди саховатпеша дар шафати қасри фарҳанги ноҳия бинои китобхонаи замонавӣ бо тарҳи муосир бунёд гашта истодааст.
Масъулини бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ки аз солҳои Шӯравӣ инҷониб дар маркази ноҳия китобхона вуҷуд надошт.
Баистифодадиҳии иншооти мазкур дар арафаи таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми фарҳангӣ ва дӯстдорони китоби ноҳия туҳфаи беназир хоҳад буд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






