Бунёди Муҷассамаи 25-солагии Истиқлолият дар маркази Суғд

Июнь 9, 2016 16:48

Хуҷанд, 09.06.2016/АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳраки донишҷӯён дар байни маҳаллаҳои 19 ва 20-уми соҳили рости шаҳри Хуҷанд, ки  дар он биноҳои асосии таълимии  ДДХ ва ДДҲБСТ ҷойгиранд, тирамоҳи соли равон бунёди боз як иншоот маҷмааи нав ва бахшҳои дигари фарҳангию фароғатии он  дар назар аст. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иқдоми роҳбарияти вилояти Суғд  дар ин мавзеъ бунёди  Муҷассамаи 25-солагии Истиқлолият ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло беш аз 20 рӯз мешавад, ки  дар гардиши мавзеи хиёбони С.Айнӣ, воқеъ дар байни ин ду  микроноҳияи шаҳр корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» масъулин аз мақомоти маҳаллии вилоятӣ иттилоъ доданд, аслан дар ин мавзеъ тибқи нақшаи шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти вилоятӣ ба ифтихори 800-солагии корнамоии мардуми тоҷик бар зидди истилогарони муғул бо роҳбарии қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик, ки соли 2020 ин сана ҷашн гирифта мешавад, як маҷмааи  боҳашамати ҷолиб, ки қаблан тарҳрезӣ шуда буд, бояд қомат меафрохт, вале бо назардошти воқеияти аслии ин муҳориба, сохтмони ин маҷмаа ба мавзеи назди соҳили рӯди Сир кӯчонида шуда, ба ҷои он ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки соли равон ҷашнҳои асосии он  дар шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешаванд,  маҷмааи хосса бахшида ба ин сана қомат хоҳад афрохт.
Тибқи нақша, ҳоло тарҳи Муҷассамаи 25-солагии Истиқлолияти кишвар аз ҷониби меъморон омода гашта, анҷоми корҳои сохтмониву  баистифодадиҳӣ ва пардабардорӣ аз болои он дар моҳи сентябр бо иштироки бевоситаи Сардори давлат дар арафаи таҷлили ин ҷашни бузург рӯи кор хоҳад омад.

Июнь 9, 2016 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст