Чорабиниҳо вобаста ба ҷашни 25-солагии Истиқлолият дар китобхонаи вилоятии Хатлон
Қурғонтеппа, 11.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нашқаи чорабиниҳои китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Тавре директори китобхонаи мазкур Тутиниссо Юсупова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар китобхонаи мазкур гушаи доимӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон хонаи ободи ман» таъсис дода шуда, намоиши китобҳо дар мавзӯи «Ватан дар ҳар куҷо ояд ба сар форам ҳавои ту» баргузор гардида истодаанд.
Ҳамзамон семинари омӯзишии китобдорон дар мавзӯи «25 соли Истиқлолият дар рушди фаъолияти китобдорӣ дар вилояти Хатлон» ва баргузории конфронси илмӣ дар мавзӯи «Нақши китоб дар тарбияи худогоҳӣ ва худшиносии ҷавонони замони соҳибистиқлол» ба нақша гирифта шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






