Чорабинии фарҳангӣ дар урдугоҳи «Парасту»
Душанбе, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом баҳри болидахотирии наврасон дар урдугоҳи «Парасту» бо дастгирии ҷавонони коллеҷҳои тиббӣ, омӯзгорӣ ва шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангӣ баргузор шуд, ки боиси хурсандии ҷавонону наврасон гардид. Барномаи рангини консертӣ ва иҷрои рақсу намоиши саҳнаҳо басо хотирмону диққатҷалбкунанда сурат гирифта, дар хотири истироҳаткунандагон нақш баст.
Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар урдугоҳ дар даври якум сад нафар мактабиён ба истироҳат фаро гирифта шудаанд. Наврасону кӯдакон бо истифода аз шароити хуби фароҳамовардашуда давраи таътили тобистонаро дар оғӯши табиат ҳамроҳи дӯстон хуш мегузаронанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






