Дар Деваштич озмунҳои «Маҳаллаи обод» ва «Оилаи намунавӣ» ҷамъбаст гардиданд

Июнь 10, 2016 14:30

Деваштич, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич озмунҳои «Маҳаллаи обод» ва «Оилаи намунавӣ» ҷамъбаст гардиданд.
Ҳар як иштирокчии озмун кӯшиш ба харҷ дод, ки бо истифода аз тамоми урфу анъанаҳои беназири миллӣ, роҳандозии тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ дар озмуни мазкур сарбаландона ширкат варзида, намунаи ибрат барои дигарон бошад.
Дар озмуни «Оилаи намунавӣ» оилаи Фаррух Нуруллоев сарбаландӣ ба даст оварда, шарафи яке аз хонаводаҳои беҳтарину номиро дар ноҳия ҳимоят намуд.
Дар озмуни «Маҳаллаи обод» маҳаллаи Гулбоғи ҷамоати шаҳраки Ғончӣ ҳамчун маҳаллаи обод  баҳогузорӣ гардид.
Инчунин дар  чорабинии мазкур дар муассисаи томактабии рақами 3-и маҳаллаи Гулбоғ маросими ифтитоҳи толори баргузории чорабиниҳо доир шуд, ки ин боз як дастоварди тарбиятгирандагон ва сокинони маҳалла мебошад. Барномаи рангини фарҳангию адабӣ аз ҷониби кӯдакон ба ҳусни чорабинӣ шукӯҳи бештар зам кард.

Июнь 10, 2016 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд