Дар Душанбе нахустин кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ- «Навсоз» баргузор мегардад
Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 20 сентябри соли равон бори нахуст дар ҷумҳурӣ дар кинотеатри «Зебунисо»-и шаҳри Душанбе кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ таҳти унвони «Навсоз» баргузор мегардад. Кинофестивали мазкур барои ҷавонон пешбинӣ шуда, синни иштирокдорони он набояд аз 35 боло бошад (ба истиснои нақшофарон дар филм) ва давомнокии филм то 30 дақиқа муқаррар гардидааст.
Тавре ки дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Муҳибназар Холназаров, роҳбари лоиҳа зикр намуд, қабули дархостҳо барои иштирок дар кинофестивали мазкур аз 1 июн оғоз гардида, то 1 августи соли равон идома ёфта, иштирокдорон метавонанд филмҳои мустанад, бадеӣ ва тасвириро, ки давомнокиашон аз 30 дақиқа зиёд нест, ба мо пешниҳод намоянд. Ғолибон аз рӯи 14 номгӯи кинофестивал, аз ҷумла «Барои беҳтарин нақши мардона», «Барои беҳтарин нақши занона», «Беҳтарин коргардон» ва ғайраҳо мукофотонида мешаванд.
-Ҳамагон медонанд, ки синамо яке аз воситаҳои асосӣ ва пурқудрати тарғиботӣ маҳсуб мешавад ва синамои тоҷик ҳоло дар ҳолати рушд қарор дошта, таваҷҷуҳи бештари масъулинро ба ин соҳа тақозо дорад. Мақсад аз роҳандозии ин лоиҳа низ рӯ овардан ба навгонӣ дар соҳаи филмсозии ҷумҳурӣ мебошад.
Мо, як гурӯҳ ҷавононе, ки дар ин самт фаъолият дорем, тӯли 6 моҳ ин лоиҳаро таҳия намуда, барои амалишавии он тайёрӣ дида истодаем, — иброз дошт М.Холназаров дар идомаи суҳбат.
М. Холназаров ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар оянда амалишавии ин лоиҳа дар назар дошта шуда, баргузории кинофестивали байналмилалӣ дар вилоятҳои ҷумҳурӣ ҳам ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






