Дар Душанбе Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ҷашн мегиранд

Июнь 1, 2016 10:14

Душанбе, 1.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз,  1 июн  дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон  бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иштирокдорони  озмуни  Нозирони навраси ҳаракат ба саёҳати шаҳри Душанбе баромада, биноҳои Душанбе Плаза ва Наврӯзгоҳро тамошо мекунанд.
31 май дар Комплекси сайёҳии «Варзоб» ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маросими тантанавии кушодашавии озмуни шашуми Нозирони навраси ҳаракат баргузор гардид.
Пеш аз оғози озмун аз тарафи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Варзоб паради тантанавӣ намоиш дода шуд. Инчунин дар доираи барномаи фарҳангӣ кӯдакону наврасон шеъру сурудхонӣ намуда, ба иштирокдорон руҳияи хушҳолӣ бахшиданд.
Саидзода Маҳмадсаид- сардори Раёсати БДА ВКД, баргузории озмунро падидаи неку судманд арзёбӣ намуд.Иқдоми пешгирифтаи Вазорати корҳои дохилӣ метавонад наврасонро ба омӯзиши бештари қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳидоят намуда, дар пешгирӣ намудани садамаҳои роҳу нақлиётӣ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи идораю ташкилоти марбута ба масъалаҳои пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, баланд бардоштани донишу маърифати назариявӣ ва амалии хонандагон оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҷамъбасту инкишоф додани таҷрибаи пешқадам оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ таъсири ҷиддӣ хоҳад расонд.
Озмуни шашуми ҷумҳуриявии Нозирони навраси ҳаракат 2 июн ҷамъбаст мегардад. Дар он панҷ даста бо фарогирии 50 нафар аз тамоми ҷумҳурӣ аз рӯи шартҳои гуногун, мисли пурдонҳо, санитари наврас, танзимгари наврас, донишмандони қоидаи ҳаракати роҳ, хабарнигори наврас ва ташвиқгарони наврас рақобат менамоянд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо қарори СММ аз соли 1950 инҷониб дар кишварҳои ҷаҳон таҷлил  мешавад. Кӯдакон тахминан 20-25 фоизи аҳолии ҳар  як кишварро ташкил мекунанд.

Июнь 1, 2016 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа