Дар Фархор иҷрои нақшаи кишти такрорӣ аз нисф гузашт

Июнь 16, 2016 11:52

Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ«Ховар»/. Зироаткорони фархорӣ ният доранд, ки дар майдони 6189 гектар кишти такрорӣ гузаронанд. Аз ин ҳисоб то имрӯз дар 3122 гектари он пахта, ҷуворимакка, лӯбиё ва полезиҳо кишт намудаанд, ки ин рақам баробари 50,4 фоизи нақшаи дурнамост.
Ҷараёни  кишти такрорӣ дар  ҷамоатҳои деҳоти Фархор, «Ватан», «Дарқад», «Деҳқонариқ» ва «Гулшан» хуб ба роҳ монда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки деҳқонони ноҳияи Фархор солҳои охир миёни ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ягона ноҳияе маҳсуб мешавад, ки нақшаи кишти такрории худро пайваста афзун менамояд.

Июнь 16, 2016 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд