Дар Ҳисор марҳилаи аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор даври аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ ҷамъбаст гардид.
Тибқи иттилои Бобосафар Шарифов- роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор, дар даври аввали мусобиқаи мазкур 48 хона ва 48 оилаи намунавӣ, 40 деҳа ва 8 маҳаллаи шаҳри Ҳисор сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гашта, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд
Инчунин ба марҳилаи дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 12 оилаи намунавӣ:Ҳабибулло Ҳусейнов аз шаҳраки Ҳисор, Улуғбек Холов -шаҳраки Шарора, Муҳсиддин Шарофов-ҷамоати деҳоти Ҳисор, М. Тоҷибоев- ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, Нишон Додаров -ҷамоати деҳоти Дурбат, Нусрат Шоев ҷамоати деҳоти Навобод, Нуралӣ Мирзоалиев, ҷамоати деҳоти Сомон, Зиёдулло Сайфуллоев ҷамоати деҳоти Алмосӣ, Нуралӣ Абдуллов-ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, Қосим Бекмуродов-ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, Ҳалима Давлатова-ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода ва Маҳмадӣ Умаров ҷамоати деҳоти Ориён роҳ ёфтанд.
Ҳамзамон дар бахши хонаҳои намунавӣ 12 хонаи намунавӣ: хонаи Нуралӣ Ҳусейнов аз шаҳраки Ҳисор, Хоним Ҳасанова- шаҳраки Шарора, Илҳом Раҷабов- ҷамоати деҳоти Ҳисор, Неъмат Шодиев, ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, Олимҷон Қурбонов ҷамоати деҳоти Дурбат, Баҳовидин Аламов ҷамоати деҳоти Навобод, Зиёдулло Сайфуллоев, ҷамоати деҳоти Алмосӣ, Мирзо Ғуломов, ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, Тағоймурод Эшов-ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, Ҳақризо Юсуфов-ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода ва Аҳмад Бобиев- ҷамоати деҳоти Ориён муайян гардиданд, ки дар марҳилаи дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд.
Инчунин ду маҳаллаи беҳтарин- Белайдуз ва И. Эшонов ва 10 деҳаи беҳтарин: Гулханӣ, Муъминобод, Ҷавонон, Ғурриёт, Шӯроби афғон, Зиракӣ, Арбобӣ, Туда, Даҳбед ва Чинор ғолиби даври аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гардида, ба марҳилаи дуюми мусобиқа роҳхат гирифтанд.
Бояд тазаккур дод, ки марҳилаи дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз 15 то 24 июн баргузор гашта, дар чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ғолибони он бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, аз миёни онҳо беҳтаринҳо ба марҳилаи сеюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мегарданд.








Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






