Дар ноҳияи Данғара ҳосили ғалла меафзояд
Данғара, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара барои вусъат бахшидани дарави ғаллаи майдонҳои корами обию лалмӣ техникаи зарурӣ сафарбар шуда, кишоварзон мувофиқи дурнамо ният доранд дар майдони 1750 гектар кишти такрорӣ гузаронанд. Имрӯзҳо дар ноҳияи Данғара майдони умумии кишти ғалла зиёда аз 32 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби тухмиҳои хушсифат, кишти саривақтӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва мусоид омадани боду ҳавои имсола дар хоҷагиҳои ноҳия мувофиқи санҷиши мутахассисон ҳосили биологии ҳар як гектар замини корами обӣ то 7 сентнер ва дар заминҳои корами лалмӣ то 3 сентнерӣ зиёд гардидааст.
Ба қавли Абдулло Ҳафизов, раиси деҳоти Корез дар хоҷагиҳои деҳоти Корез имсол дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа якчанд навъи ғалла кишт карда шуд ва бо назардошти давраи кишту парвариш ва ҳосилнокии навъҳои ғалла кишоварзон ният доранд барои истеҳсоли тухмиҳои хушсифат дар оянда майдони кишти чунин навъҳоро васеъ намоянд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






