Дар ноҳияи Шоҳмансур мусобиқаи таэквон-до ВТФ доир шуд

Июнь 1, 2016 16:29

Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мусобиқаи таэквон-до ВТФ-ро  бо шиори «Ҷавонон пайрави пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намуд, ки ба 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Дар мусобиқа наздики 50 нафар  варзишгарони наврас, ҷавонон, ҳаводорону алоқамандони таэквондо ВТФ иштирок доштанд  ва  барои касби ҷойҳои ифтихорӣ байни ҳам рақобат намуданд.
Ҳадафи аслии баргузории мусобиқаро созмондиҳандагони он мусоидат ба рушди малака ва маҳорати варзишгарони ҷавон, пешгирӣ аз гароиши онҳо ба ҳаракат ва созмонҳои номатлуб унвон карданд.
Дар поёни мусобиқа ба ғолибон медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур супорида шуданд.

Июнь 1, 2016 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад