Дар ноҳияи Восеъ ба ифтихори ҷашни истиқлолият бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ сохта мешавад
Восеъ, 4.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ қомат меафрозад. Ҳоло дар он 80 %-и корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.
Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, бино аз ду ошёна иборат буда, сохтмони он аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар сохтмони бино маблағи 800 ҳазор сомонӣ масраф гардида, он то ҷашни Истиқлолият ба таври замонавӣ ба истифода дода мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






