Дар Суғд бахшида ба 25- солагии Истиқлолият 52 чорабинии варзишӣ доир мегардад
Хуҷанд, 03.06.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дар вилояти Суғд барои татбиқи «Барномаи давлатии солимии ҷомеа» ва ҳамзамон рушди варзиш ва ҷалби ҷавонону наврасон ба намудҳои гуногуни варзиш аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд.
Чуноне ки ба АМИТ «Ховар» Баҳриддин Қодиров, сармутахассиси раёсати мазкур иттилоъ дод, танҳо дар панҷ моҳи соли 2016 аз тарафи бахши варзиш ва сайёҳии раёсат мутобиқ ба нақшаи тақвимии чорабиниҳои оммавӣ, солимгардонӣ, варзишӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дар умум 19 чемпионат ва мусобиқаҳои мухталифи сатҳи вилоятӣ аз рӯи намудҳои гуногун гузаронида шуданд. Аз ин миқдор дар самти варзиши касбӣ — 24 ва самти варзиши оммавӣ — 3 мусобиқот доир карда шуданд.
Инчунин варзишгарони дастаи яккачини вилоят аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ дар 13 мусобиқаи сатҳашон гуногуни ҷумҳуриявӣ, ва дар ҳайати тими Тоҷикистон дар 15 мусобиқаи сатҳи мухталифи ҷаҳонӣ ширкат варзида, шарафи варзиши тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд.
Ҳамзамон вобаста ба таҷлили ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум, аз оғози соли равон дар миқёси вилоят дар самти бахши варзиш 52 мусобиқаи гуногуни варзишӣ, бахши ҷавонон 35 ва самти сайёҳӣ 13 чорабиниҳои мухталифи оммавӣ доир гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






