Дар Суғд бахшида ба 25- солагии Истиқлолият 52 чорабинии варзишӣ доир мегардад

Июнь 3, 2016 09:00

Хуҷанд, 03.06.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дар вилояти Суғд барои татбиқи «Барномаи давлатии солимии ҷомеа» ва ҳамзамон рушди варзиш ва ҷалби ҷавонону наврасон ба намудҳои гуногуни варзиш аз  ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд.
Чуноне ки ба АМИТ «Ховар» Баҳриддин Қодиров, сармутахассиси раёсати мазкур иттилоъ дод,  танҳо дар панҷ моҳи соли 2016 аз тарафи бахши варзиш ва сайёҳии раёсат мутобиқ ба нақшаи тақвимии чорабиниҳои оммавӣ, солимгардонӣ, варзишӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дар умум 19 чемпионат ва мусобиқаҳои мухталифи сатҳи вилоятӣ аз рӯи намудҳои гуногун гузаронида шуданд. Аз ин миқдор дар самти варзиши касбӣ — 24 ва самти варзиши оммавӣ — 3 мусобиқот доир карда шуданд.
Инчунин варзишгарони дастаи яккачини вилоят аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ дар 13 мусобиқаи сатҳашон гуногуни ҷумҳуриявӣ, ва дар ҳайати тими Тоҷикистон дар 15 мусобиқаи  сатҳи мухталифи ҷаҳонӣ ширкат варзида, шарафи варзиши тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд.
Ҳамзамон вобаста ба таҷлили ҷашни 25  солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум,  аз оғози соли равон дар миқёси вилоят дар самти бахши варзиш 52 мусобиқаи гуногуни варзишӣ, бахши ҷавонон 35 ва самти сайёҳӣ 13 чорабиниҳои мухталифи оммавӣ доир гардиданд.

Июнь 3, 2016 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд