Дар Тоҷикобод бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид

Июнь 21, 2016 09:34

Тоҷикобод, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод гурӯҳи корӣ таъсис шуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодаанд.  Дар вохӯриҳо бо сокинон аз ҷониби масъулин иброз гардид, ки сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ ва некномиро зинда намуд ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми ҷанги хунини шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дастёбӣ ба сулҳу субот ва ваҳдати миллии комил дар ҷомеаи тоҷик, барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ва амният, таъмини бозгашти гурезагон аз хориҷа ба Ватан, қабули Конститутсия ва татбиқи ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ саҳми тақдирсоз ва таърихӣ гузоштааст.
Дар арсаи байналмилалӣ таҷрибаи сулҳофаринии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро падидаи нодири ҳалли низоъҳои сиёсию буҳрони миллӣ эътироф намуда, мавриди омӯзиш ва истифода қарор додаанд.

Июнь 21, 2016 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад