Дар Қурғонтеппа Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил гардид

Июнь 1, 2016 11:30

Қурғонтеппа, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 1  июн дар  маркази маъмурии  вилояти  Хатлон-  шаҳри  Қурғонтеппа  чорабинӣ бахшида  ба  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид. Дар он кӯдакон аз  муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои санъат ва  ихтироъкорони ҷавон  иштирок карда, дар намоишгоҳ маҳсули дастони худро муаррифӣ намуданд.
Муовини раиси  вилояти Хатлон Махфират Хидирзода  кӯдаконро  бо ин ҷашн табрик  намуда,  ба  ғолибони озмунҳои «Рақси беҳтарин»,  «Сарояндаи беҳтарин»,  «Рассоми  беҳтарин» ва  «Дастони  моҳир»  туҳфаҳо  супорид.
Тавре  иттилоъ  дода  будем, бо  қарори  раиси  вилояти   Хатлон  Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо мақсади ба  ҳаёти солим ҷалб намудани  кӯдакон  ва  дарёфти истеъдодҳои наврас бахшида  ба  Рӯзи байналхалқии  муҳофизати кӯдакон —   1 июн дар  байни хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ  ва  тарбиятгирандагони  муассисаҳои  томактабии  вилоят      аз 24 то 31  майи соли 2016 дар доираи  «Як  ҳафтаи  ҳаёти кӯдакон» озмунҳои  «Рақси беҳтарин»,  «Сарояндаи беҳтарин»,  «Рассоми  беҳтарин» ва  «Дастони  моҳир»  гузаронида  шуданд.
Мақсади  озмунҳо бедор намудани  ҳисси ватандӯстию  ифтихори миллӣ, эҳтироми  волоияти қонун,  пешгирӣ намудани амалҳои  номатлуб,  аз қабили ҷиноятсодиркунӣ дар  байни ноболиғон,  дастгирии кӯдакони имконияташон  маҳдуд  ва  ташвиқу  тарғиби тарзи ҳаёти  солим буд.

Июнь 1, 2016 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст