Дар Вазорати нақлиёт мавзӯоти вобаста ба боркашониву мусофирбарӣ миёни Тоҷикистону Латвия баррасӣ гардиданд

Июнь 10, 2016 09:15

Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  7- 8 июни соли равон машварати кории ҳайати кормандони  соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Қурбон Саидов,  сардори Раёсати  нақлиёти рӯйизаминӣ  ва  директори бахши  Вазорати  алоқаи Ҷумҳурии   Латвия  Таливалдис Вентиранс  баргузор шуд.  Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар машварат масоили табодули  иттилоот аз иҷрои вазифаҳои  ҷаласаи пешинаи  дар  соли 2015 баргузоршуда  баррасӣ гардид. Ҷонибҳо аз ҳамкории пурсамар дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ изҳори  қаноатмандӣ намуда, тасмим гирифтанд, ки дар доираи қарордоди байниҳукуматӣ дар оянда низ ин гуна алоқаю ҳамкориро таҳким хоҳанд бахшид. Аз ҷониби  нақлиётчиёни ватанӣ зикр карда шуд, ки айни ҳол масъалаи ташкили логистикаи электронӣ мавқеи имтиёзноки нақлиётӣ  эътироф шуда, ин амал  дар алоқаи оянда хидмати босазо анҷом хоҳад дод. Масъалаи дарёфти раводид барои  кормандони соҳаи нақлиёт низ содаву осонтар гардонда мешавад.
Намояндагони ҷониби Латвия изҳори таассуф карданд, ки ҳамлу нақли байниҳамдигарии ду кишвар тамоюли коҳишёбӣ  дошта, соли оянда бояд афзоиши он таъмин гардад. Ҳалли мавзӯоти  дигари вобаста ба боркашониву мусофирбарӣ низ мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор дода шуданд.
Дар хотимаи ҷаласаи машваратӣ санади ҳамкорӣ аз ҳар ду ҷониб ба имзо расид.

Июнь 10, 2016 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад