Дар вилояти Суғд масъалаҳои соҳаи маориф баррасӣ гардиданд

Июнь 17, 2016 15:39

Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд, ки бо иштироки кормандони дастгоҳи Раёсат ва сохторҳои зертобеъ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо доир гардид, 14 масъалаи муҳими соҳа, аз ҷумла  натиҷаи рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Спитамен, ҷараёни фаъолияти комиссияҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар шаҳру ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Истаравшан ва Панҷакент мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа сардори Раёсати маорифи вилоят, доктори илмҳои таърих, профессор Осим Каримзода ҷиҳати таъмини саривақтии омӯзгорону хонандагон бо либоси мактабӣ, захираи сӯзишворӣ, ташкили истироҳати бофароғати мактабиён, таъмири муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ, сохтмони иншооти ҷашнӣ ҷиҳати истиқболи сазовори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифагузорӣ намуд.

Июнь 17, 2016 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад