Даргузашти Қаҳҳор Маҳкамов
Душанбе, 8.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 8-уми июн, баъд аз бемории тӯлонӣ дар хонааш дар шаҳри Душанбе дар сини 84-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» наздикони Қ. Маҳкамов хабар дода, афзуданд, ки, тибқи васияташ, ӯро пагоҳ, 9-уми июн дар қабристони Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок хоҳанд супорид.
Қаҳҳор Маҳкамов, 16-уми апрели соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Солҳои 1982-1986 раиси Шӯрои вазирон ва солҳои 1986-1991 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон буд. Соли 1990 аз ҷониби Шӯрои олӣ ҳамчун нахустин президенти Тоҷикистон интихоб гардид, вале баъд аз чанд моҳ ба истеъфо рафт. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ӯ ҳамчун собиқ президент узви доимии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
АМИТ «Ховар» ба пайвандон ва наздикони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор менамояд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






