Дастурдеҳони Агентии назорати маводи нашъаовар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ мегузаронанд
Душанбе, 21.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандон-дастурдеҳони Агентии назорати маводи нашъаовари (АНМН) назди Президенти ҶТ аз 20 то 30 июни соли равон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои ҳайати шахсии Раёсати агентӣ дар вилояти Хатлон ва Шуъбаи байниноҳиявии гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб гузаронида мешаванд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти АНМН хабар доданд, курсҳои мазкур бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори Барномаи кории Гурӯҳи байналмилалии корӣ оид ба бозомӯзии кормандони агентӣ бо дастгирии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон доир мегарданд.
Баъди ба анҷом расидани курсҳо аз ҳайати шахсӣ санҷиш қабул карда шуда, ба иштирокдорон сертификат супорида хоҳад шуд.
Гузаронидани чорабиниҳои мазкур дар ВМКБ ва вилояти Суғд низ ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






