Давлат дар асоси созишномаи шарикӣ иншооти инфрасохториро ба бахши хусусӣ медиҳад ва боз мегирад

Июнь 1, 2016 14:48

Душанбе, 01.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Вакилони  палатаи поёнии Парлумони кишвар ба лоиҳаи Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи хусусигардонии  моликияти давлатӣ» иловаҳо ворид намуданд.
Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва  идораи амволи давлатӣ лоиҳаи қонуни мазкурро дар назди вакилони Парлумони кишвар тавзеҳ дода, гуфт, ки  он бо мақсади таъмини амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ»  таҳия гардидааст.
Дар асоси иловаҳо ба лоиҳаи қонун объктҳои  инфрасохтор ва хизматрасониҳои иҷтимоии  таҳти  идораи давлат  қарордошта метавонанд  ба муҳлати муайян ба бахши хусусӣ дода шаванд. Шарики хусусӣ бо истифода аз маблағҳои худӣ  ва дигар маблағҳо объектро бунёд, таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳаз намуда,  дар муҳлати муайяннамудаи созишномаи шарикӣ истифода мебарад. Дар ин муддат бахши хусусӣ маблағҳои сарфнамудаашро бо фоидаи муайян баргардонида мегирад ва баъди анҷоми муҳлати созишнома объектро ба давлат бармегардонад.
Қодири  Қосим афзуд, ки  лоиҳаи қонун  ба ҳимояи манфиатҳои бахши хусусӣ ва давлатӣ, ҳавасмандкунии шарики хусусӣ ва кафолати ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, бартараф намудани хавфҳои  сар задани ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми   амалӣ намудани лоиҳаҳо тибқи механизми  шарикии давлат ва бахши хусусӣ равона шудааст.

Июнь 1, 2016 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст