Давлат дар асоси созишномаи шарикӣ иншооти инфрасохториро ба бахши хусусӣ медиҳад ва боз мегирад
Душанбе, 01.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони кишвар ба лоиҳаи Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» иловаҳо ворид намуданд.
Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ лоиҳаи қонуни мазкурро дар назди вакилони Парлумони кишвар тавзеҳ дода, гуфт, ки он бо мақсади таъмини амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» таҳия гардидааст.
Дар асоси иловаҳо ба лоиҳаи қонун объктҳои инфрасохтор ва хизматрасониҳои иҷтимоии таҳти идораи давлат қарордошта метавонанд ба муҳлати муайян ба бахши хусусӣ дода шаванд. Шарики хусусӣ бо истифода аз маблағҳои худӣ ва дигар маблағҳо объектро бунёд, таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳаз намуда, дар муҳлати муайяннамудаи созишномаи шарикӣ истифода мебарад. Дар ин муддат бахши хусусӣ маблағҳои сарфнамудаашро бо фоидаи муайян баргардонида мегирад ва баъди анҷоми муҳлати созишнома объектро ба давлат бармегардонад.
Қодири Қосим афзуд, ки лоиҳаи қонун ба ҳимояи манфиатҳои бахши хусусӣ ва давлатӣ, ҳавасмандкунии шарики хусусӣ ва кафолати ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, бартараф намудани хавфҳои сар задани ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми амалӣ намудани лоиҳаҳо тибқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ равона шудааст.








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






