Деваштич: Тақвияти арзишҳои ватандорӣ, худшиносӣ, эҳтироми суннатҳои миллии мардумӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои мамлакат
Деваштич, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштич ситоди ноҳиявӣ бо иштироки муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов, вакилон ва аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор шуда, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Комрон Исмоилов оид ба пешравию дастовардҳои ҳизб иттилоъ дод.
Анвар Ҷалилов доир ба омӯзиши китоби нодиру гаронбаҳои Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки инъикоскунандаи таърихи дирӯзу имрӯзи миллати тоҷик мебошад, маълумот дод. Зикр гардид, ки омӯзиши китоби мазкур дар доираи ҷашнгирии 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзӣ буда, баҳри тақвияти арзишҳои ватандорӣ, худшиносӣ, эҳтироми суннатҳои миллии мардумӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои мамлакат, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ аҳамияти хосса дорад. Инчунин бобати ҷоннок кардани кори гурӯҳи вакилон дар маҷлиси вакилони халқи ноҳия, густурдатар намудани фаъолияти тарғиботию ташвиқотӣ барои фаҳмонидани пешравиҳои ҳизбӣ дар байни мардум, ҷалб намудани ҷавонони лаёқатманду бонувон ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маслиҳатҳои муфид дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






