Дипломатҳо роҳҳои мубориза бо савдои одамонро меомӯзанд

Июнь 1, 2016 10:13

Душанбе, 01.06.2016/АМИТ Ховар/. Имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи мубориза бо савдои одамон давраи омӯзишӣ оғоз ёфт, ки дар он кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии /ВКХ/ Ҷумҳурии Тоҷикистон сафоратҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ширкат менамоянд. Давраи омӯзишӣ аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират /СБМ/ дар ҳамкорӣ бо ВКХ-и  ҷумҳурӣ ва шуъбаи назорат ва мубориза бо савдои одамони Департаменти давлатии Амрико (J/TIP) гузаронида мешавад. Иштирокдорони давраи омӯзишӣ вазъи савдои одамонро дар Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузории нави миллӣ ва санадҳои байналмилалиро баррасӣ карда, бо таҷрибаи ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо савдои одамон шинос мешаванд. Коршиносони маҳаллӣ нақши ҳайати дипломатиро дар мубориза бо савдои одамон шарҳ дода, иштирокдоронро бо равандҳои нав дар самти ҳимоя, муайян ва баргардонидани қурбониёни савдои одамон ошно месозанд. Ҳамзамон иштирокдорони давраи омӯзишӣ аз таҷрибаи наву пешрафтаи ҳамкорӣ миёни идораҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии маҳаллӣ ва ҳамчунин нақши СБМ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти талошҳои муштарак ҷиҳати ҳимоя ва ёрӣ ба қурбониён, бахусус  ироаи паноҳгоҳҳо ва таҳияи бунгоҳҳои эътимод ба воситаи телефонҳои боварӣ огоҳ мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки савдои одамон як навъи ғуломдории замони муосир буда, инсонро бо ҳадафи истисмори корӣ ё шаҳвонӣ ва ё манфиати молӣ мавриди тиҷорат қарор медиҳад. Азбаски тиҷорати инсон ҷинояти фаромарзӣ аст, бисёре аз қурбониён дар кишварҳои дигар қарор дошта, ниёзманди дасти ёриянд, сафоратҳо, консулгариҳо ва хадамоти муҳочират ба ҳайси нуқтаи нахустини тамос миёни ватан ва қурбониён дар раҳоии онҳо ва наҷоти ҳаёту сарнавишти онҳо нақши калидиро мебозанд. Таълими малакаҳои зарурӣ ба шахсони масъули ин сохторҳо дар мубориза бо савдои одамон дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Июнь 1, 2016 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа