Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ВМКБ аз соли 2017 ба қабули довталабон шурӯъ хоҳад кард

Июнь 15, 2016 10:41

Душанбе, 15.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи  фаъолияти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ зимни мулоқоти вазири  маориф ва илм Нуриддин Саид бо намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) ва раиси Шўрои иҷроияи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Шамс Кассим Лакха, директори шуъбаи апператсионии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Музаффар Ҷорубов, менеҷери Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Латофат Зуҳурова ва намояндаи ташкилот Давлатқадам Хушқадамов доир гардид, ки дар он иштирокдорон мубодилаи афкор намуданд.
Раиси Шўрои иҷроияи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Шамс Кассим Лакха зикр  намуд, ки соли равон барои 72 нафар донишҷў ба Донишгоҳи Осиёи Марказии Норини Ҷумҳурии Қирғизистон ҷой ҷудо шудааст, ки алъон 160 нафар ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд.
Ҳамчунин вазири маориф ва илми ҶТ  Нуриддин Саид иброз дошт, ки ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ меёбад, пас аз расман ба фаъолият шурўъ намудан донишҷўён метавонанд ҳуҷҷат супоранд.
-Қабл аз қабули донишҷўён бояд сохтмони биноҳои таълимӣ пурра ба анҷом расонида шуда, донишгоҳ аз санҷиши комиссияи ҳукуматӣ ва Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф гузарад,-иброз намуд Нуриддин Саид.  -Ҳамчунин донишгоҳро зарур аст, ки донишҷўёнро танҳо дар риштаҳое қабул намояд, ки ба талаботи бозори меҳнати Тоҷикистон ҷавобгў бошанд.
Дар идомаи суҳбат вазир Нуриддин Саид таъкид намуд, донишҷўёне, ки ба Донишгоҳи Осиёи Марказии Норини Ҷумҳурии Қирғизистон қабул мегарданд, тибқи қонунгузории амалкунанда ҳуқуқи аз курси дуюм идома додани таҳсилро дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ВМКБ надоранд, аз ин рў, таҳсилро дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расонида, соҳиби шаҳодатномаи ҳамон донишгоҳ мегарданд.
Ҳоло корҳои сохтмонии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дошта, он пас аз қабули комиссияи ҳукуматӣ, гирифтани иҷозатномаи пешбурди фаъолият (литсензия) ва шинохти давлатӣ (аккредитатсия)-и Тоҷикистон аз соли 2017 ба фаъолият шурўъ менамояд.

Июнь 15, 2016 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд